


Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид

Дар Душанбе Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ “диалоги зиддитеррористӣ” доир кард

Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”

Чин ва Ӯзбекистон мехоҳанд роҳи оҳани бисёрсамтаи Осиёи Марказиро густариш диҳанд
Баъди “ҳамоиши таърихии” Самарқанд Мирзиёевро дар Брюссел интизор мешаванд
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд аввалин ҳамоиши “Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ” баргузор мегардад, ки он дар рушди муносибатҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақа марҳилаи муҳим дониста мешавад.
Ҳамоиши зикршуда дар ибтидо қарор буд, дар соли 2024 баргузор шавад, аммо дар ин сол, ки масъалаи интихоби роҳбарияти нав дар Иттиҳоди Аврупо матраҳ буд, қарор шуд, дар соли 2025 баргузор шавад.
Муносибат миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо асосан дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, амният, фарҳанг, таҳсил ва ғайра ҷараён доранд.
Ташаббускорони баргузории ҳамоиш таъкид мекунанд, ки ду ҷониб хостори тақвият ва густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва чандҷониба мебошанд. Ин нишондиҳандаи нақши физояндаи Осиёи Марказӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва эътирофи аҳмияти стратегии он аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо аст.
“Осиёи Марказӣ барои Иттиҳоди Аврупо ба муддати тӯлонӣ як минтақаи ношиносеро мемонд, ки ба он камтар таваҷҷуҳ сурат мегирифт. Ногаҳон, пас аз соли 2022 мо мебинем, ки Осиёи Марказӣ ба маркази минтақаи Евразия табдил ёфт, хусусан дар қисмати роҳҳои нақлиётии глобалӣ” – гуфтааст, Ойбек Шайхов, дабири кулли Ассотсиатсияи иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон.
Чанде қабл Шавкат Мирзиёев аз тариқи суҳбати телефонӣ бо раиси Шурои Аврупо Антониу Кошта масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҳамоиши зикршударо баррасӣ кард.
Раиси Шурои Аврупо таъкид кард, ки интизор меравад, роҳбари Ӯзбекистон дар соли 2025 ба Брюссел ташриф орад, то созишномаи шарикии васеъ ва ҳамкориро имзо намояд.
Дар Брюссел сафари Шавкат Мирзиёевро пас аз баргузории аввалин ҳамоиши таърихии Самарқанд интизор ҳастанд, ки дар моҳи апрели имсол бояд анҷом ёбад.
Дар аввалин ҳамоиши таърихии Самарқанд кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо масъалаҳои муҳимми рушди дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Меҳрнигори Рустам: “Агар суруди миллиро намедонистам...”
Ироқчӣ: “Агар Амрико кафолат диҳад, ки ба Эрон ҳамла намешавад, ба музокира бармегардем”
Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони корхонаи сурмаи Айниро расман эълон намуданд
Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид
