Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Доналд Трамп гуфт, омода аст бо Масъуд Пизишкиён гуфтугӯ кунад
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастурамали “бисёр сахтгирона” – и фишори “ҳадди аксарӣ” бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро содир кард. Ҳадафи дастурамали сиёсати сахтгирона ба сифр расонидани содироти нафти Эрон аст.
Доналд Трамп қабл аз ин ки бо сарвазири Исроил Бенёмин Натанёҳу дидор ва мулоқот кунад, дастурамали сахтгирона бар зидди Эронро имзо кард ва гуфт “Ҷумҳурии Исломӣ набояд ба кишварҳои дигар нафт фурӯшад”.
Доналд Трамп 4-уми феврал дастурамалро имзо карду ҳамчунин, афзуд: “Умедворам ниёзе ба истифода аз ин гузина набошад, бояд дид, оё метавонем ба созиш бо Эрон бирасем, ё на”. Ӯ баъди имзои дастурамали фишори сахтгирона бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба суоли хабарнигорон дар хусуси ҳимояти Амрико аз Исроил барои ҳамла ба Эрон чунин гуфт: “Бояд бубинем, чӣ пеш меояд. Наметавонем иҷоза диҳем, Эрон ба силоҳи атомӣ даст ёбад”.
Доналд Трамп гуфт, ки барои имзои қарори дастурамали сахтгрона бар зидди Эрон бисёр тардид дошт ва қабули ин қарор барояш бисёр сахт будааст.
Президенти Амрико дар айҳи ҳол гуфт, ки бо Ҷумҳурии Исломии Эрон тамос хоҳад гирифт ва омодаи гуфтугӯ бо Масъуд Пизишкиён аст. Ӯ аз изҳори назари рӯшан дар хусуси сиёсатҳои қатъии Амрико бар зидди Эрон худдорӣ кард.
Дастурамали сиёсати сахтгиронаи Амрико бо мақсади ба сифр расонидани содироти нафти Эрон аст. Дар давраи қаблии маснади президентиаш Доналд Трамп бо ҳадафи ба сифр расонидани содироти нафти Эрон сиёсати сахтгиронаро ҷорӣ намуд. Ин сиёсат ҳамаи роҳҳои содироти нафти Эронро мебандад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка