Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Туркия дар як ҳафтаи охир 100 узви ДОИШ-ро боздошт кард
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия гуфт, дар як ҳафтаи ахир беш аз 100 узв ва ҳомиёни ДОИШ –ро дар 24 шаҳри ин кишвар боздошт кардааст.
Алӣ Бермклиё афзуд, ки афроди боздоштшуда ба гумони увзият дар гурӯҳи террористии ДОИШ аксаран ҳомиёни молӣ ва фаъолони ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия дар саҳифаи “Х” навишт, гумонбарони ДОИШ аз Истанбул, Анқара, Мерсен, Анатоли, Қайсар ва бархе шаҳрҳои дигари Туркия боздошт шудаанд.
Алӣ Бермклиё таъкид кард, ки ҷустуҷӯ ва боздошти гумонбарони ДОИШ дар ин кишвар идома хоҳад дошт.
Афзоиши таҳдидҳои ДОИШ дар минтақа сабаб шудааст, ки кишвари Туркия амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошти гумонбарони ин гурӯҳро суръат бахшад ва дар моҳҳои оянда садҳо увзи онро дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар боздошт кунад.
Ахиран Вазири хориҷии Туркия дар дидор бо ҳамтои ироқии худ бар зарурати муборизаҳои муштрак бар зидди ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ таъкид кард.
Қаблан, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия эълон карда буд, ки дар 10 моҳи аввали соли 2024 660 гумонбари ДОИШ боздошт шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка