Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Қазоқистон музокира барои пайвастан ба ТОПИ-ро оғоз кард
Мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки барои ҳамроҳ шудан ба лоиҳаи ТАПИ бо Ҷумҳурии Туркманистон гуфтушунид анҷом диҳанд.
Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон эълон кард, ки ширкати “Қазоқгаз”-и ин кишвар дар ҳоли гуфтушунид бо ширкати “Туркмангаз”-и Ҷумҳурии Туркманистон барои ҳароҳ шудан ба лоиҳаи ТАПИ-и интиқоли газ, ки кишварҳои Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳинд шомили онанд, қарор дорад.
Вазорати энергетикаи Қазоқистон гуфт, ки гуфтушунид дар ин замина идома дорад ва ҷузъиёти он ба далели иҷоза надоштани ширкаткунандагон барои ифшои маълумот шарҳ дода намешавад.
Хабаргузории “Интерфакс” навишт, ки Ерлан Аужанов, муовини Вазири энергетикаи Қазоқистон дар моҳи октябри соли 2024 дар ҳамоиши тиҷоратии Қазоқистон-Афғонистон, ки дар шаҳри Алмаато доир гашт, расман эълон кард, дар ҳоли музокира барои ҳамроҳшавӣ ба лоиҳаи интиқоли гази ТАПИ мебошад.
“Агар як ширкати қазоқ ба ин лоиҳа пайвандад, фурсатҳои наве барои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар бахши газ эҷод хоҳад шуд”- гуфта буд, муовини вазири энергетикаи Қазоқистон.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи хати гази ТАПИ 1814 километр дарозӣ хоҳад дошт, ки 414 километри он аз Туркманистон, 774 километри он аз Афғонистон ва 826 километри он аз Покистон мегузарад. Ин хати интиқоли газ барои 33 миллиард метри муккааб гази майдони Голкенеши ҷануби Туркманистон тарроҳӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи интиқоли лулаи гази ТАПИ аз шаҳрҳои Ҳирот ва Қандаҳори Афғонистон ба шаҳрҳои Квета ва Мелтони Покистон васл шуда, ба шаҳри Фозикои Ҳинд мерасад. Ҳаҷми маблағи сохтани лоиҳаи мазкур беш аз 10 миллиард доллар гуфта шудааст. Он яке аз лоиҳаҳои бузурги энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад