Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Баҳси ҳалнашуда: кӣ неругоҳи атомии Қазоқистонро месозад?
Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар хусуси сохтани неругоҳи атомӣ тасмими ниҳоӣ гирифта, барои он ширкатҳои шарики ботаҷрибаро меҷӯяд.
Дар моҳи январ сарвазири Қазоқистон дар маҷлиси Ҳукумат гуфта буд, ки музокира бо ширкатҳои пешқадами кишварҳои Федератсияи Русия, Чин, Фаронса дар хусуси сохтани неругоҳи атомӣ дар Қазоқистон идома дорад.
Дар сафари ахири президенти Федератсияи Русия ба шаҳри Остона низ масъалаи сохтани неругоҳи атомӣ аз сӯйи ширкати “Русатом” баррасӣ гадид.
Ҳоло қарори ниҳоӣ дар хусуси ин ки кадом ширкат ва кадом кишвар дар нахустин сохтмони неругоҳи атомии Қазоқистон ширкат хоҳанд кард, қабул нашудааст.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар як моҳи охир дар хусуси сохтани неругоҳи атомӣ ду бор изҳороти муҳим баён кард.
Дар ибтидои моҳи январ дар суҳбат бо рӯзномаи “Ана тили” президент Қосим Жомарт Токаев таъкид кард, ки дар ҷараёни сафари Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ба Остона масъалаи интихоби ширкати созандаи неругоҳи атомӣ матраҳ шудааст.
“Мо ба мувофиқа расидем, ки ҷониби Қазоқистон ҳамчун фармоишгари лоиҳа оператори генералии консорсум (барои сохтмони неругоҳи атомӣ) хоҳад буд. Гуфта шуд, ширкати “Русатом”, ки дар бунёди неругоҳҳои атомӣ дар хориҷ аз кишвар таҷрибаи ва тахассусии ғанӣ дорад, метавонад дар ин тарҳ ширкат кунад. Ҳамчунин, бо назардошти дастовардҳои бузурги Чин дар бунёди ишооти атомии мулкӣ, музокирот бо як ширкати ин кишвар идома дорад. Корпоратсияҳои дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ низ ба лоиҳа таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд”- афзуд Токаев.
Президенти Қазоқистон дар изҳороти охирини худ таъкид кард, ки расмиёти озмун барои иштироки ширкатҳо гузаронида мешавад ва баъди он тасмими ниҳоӣ қабул мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад