Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Депутатҳои қирғиз мехоҳанд маҳдудияти дастрасӣ ба “ТикТок” дар Қирғизистон бекор шавад
Дар маҷлиси парлумон вакилон ба ҳукумат бо пешниҳоди лағв намудани маҳдудияти дастрасӣ ба “ТикТок” ва ифтитоҳи намояндагии ин шабакаи иҷтимоӣ дар Қирғизистон муроҷиат карданд.
Марлен Маматалиев, вакили мардумӣ таъкид кард, ки дар кишвар аз кӯдаки хурдсол то калонсолон бе мушкилот бо истифода аз хизматрасонии ВПН аз шабакаи иҷтимоии “ТикТок” истифода мекунанд.
“Ба шакле мо дастрасиро манъ кардем, вале амалан он дастрас аст. Намояндагии онро дар кишвар боз кардан лозим аст. Директори “ТикТок” дар Осиёи Марказӣ як қирғиз аст, ки омодааст дар кишвар дафтари ширкатро боз кунад ва дар ҳама самтҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намояд. Дар муайян кардани саҳифаи гурӯҳҳои харобкор кумак кунад ва дар ҳолати зарурӣ онро бибандад. Аз шумо хоҳиш менамоем, ки ба мақомоти марбута сипориш диҳед, ки пешниҳодро баррасӣ кунанд”- таъкид кард вакили парлумони Қирғизистон.
Достон Бекешев аз пешниҳоди ҳамтояш дар хусуси зарурати боз намудани шабакаи иҷтимоии “ТикТок” пуштибонӣ намуда, афзуд, ки “Ин платформаи хуби рекламавӣ барои соҳибкорони мо муфид аст. Бо кумаки “ТикТок” шумо метавонед ҷойҳои аҷиберо нишон диҳед, ки сайёҳон метавонанд ба он ҷо биёянд”.
Депутат бо дархости рафъи маҳдудияти дастрасӣ ба “ТикТок” дар Қирғизистон ба ҳукумат пешниҳод кард, ки фаъолияти он дар кишвар иҷоза дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид