20 Ноябр 2026,
ҷумъа, 12:43, Душанбе
24.01.2025 20:40

СЕ ПАЁМИ ХУШИ АДАБӢ АЗ ЭРОН

Дар пайи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон бештар аз ҳама ба пайвандҳои фарҳангиву забонии мардумони ин ду кишвар таъкид шуд. Ин аст, ки Сарвари давлати мо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангӣ ва забонӣ, тавсеаи беш аз пеши равобит дар соҳаҳои илму фарҳанг ва омӯзишу пажӯҳиш зарур дониста шуд”. Аз тарафи роҳбарони ду давлат қироат шудани пораҳо аз ашъори устод Рӯдакӣ дар ҷаҳони форсизабонон шодиву нишот афзуд ва бори дигар собит шуд, ки бошандагони ин ду қаламрав ду шохаи пурбари як дарахти тануманде бо номи Ориёнои бузурганд.

Дар ин радиф, пажӯҳишгарони эронӣ чанд кори муҳими илмиву адабиро ба сомон расонданд, ки робитаҳои фарҳангиро таҳким мебахшанд. Давоми чанд рӯзи охир се паёми хуш расид, ки дар муаррифии адабиёт ва чеҳраҳои ягонаи адабии ин ду кишвар муҳиманд.

РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ДУ КИШВАР ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД

Дар Ҳамоиши "Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон", ки дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад баргузор шуд, китоби “Ёди шеъри Рӯдакӣ ояд ҳаме" аз Аълохон Афсаҳзод, рӯдакишиноси машҳур, дар бораи зиндагӣ ва осори Одамушшуаро бо хатти ниёгон рӯнамоӣ гардид. Дар ҳамоиш як гурӯҳ олимони тоҷик бо сарварии директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Фарангиз Шарифзода иштирок ва суханронӣ доштанд.
Дар ҷамъбасти ин ҳамоиш Ҳусейн Симоии Сарроф, вазири улум, таҳқиқот ва фановарии Эрон, Рӯдакиро яке аз ҳалқаҳои аслии васли Эрони фарҳангӣ ва намоде аз адабиёт ва тамаддун номид.
Китоб дар интишороти "Хирадгон", дар Теҳрон бо теъдоди 500 нусха чоп шуда, 267 саҳифаро фаро мегирад.  Ба китоби мазкур, ки рӯзгору осори Султони шоиронро ба баҳсу баррасӣ кашидааст, доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, пажӯҳишгари номвари эронӣ, сарсухан навишта. 
Доктор Ёҳақӣ дар муқаддимаи худ аз оғози рӯдакипажӯҳӣ ва нахустин талошҳо дар ин арса, ки бо ҳиммати ду тан аз донишмандони бузург – Саиди Нафисӣ ва Садриддин Айнӣ оғоз ёфтааст, ёдовар шуда, пешинаи ин корзорро ба номи ин ду тан гираҳ мезанад ва аз тадвину таълифи "Донишномаи Рӯдакӣ" дар Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, барҳақ менависад: "Рӯдакӣ фасли муштарак ва танҳо шоири бемасъала ва мавриди эҳтироми ҳамаи форсизабонони олам аст, ки бо вуҷуди миқдори каме, ки аз ашъори ӯ барҷой монда, таъсири мондагоре дар фазои забону адаби форсӣ доштааст. Одамушшуаро баромада ва саркардаи анбӯҳи шоиронест, ки дар асри дурахшони боландагии забони форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ), яъне рӯзгори Сомониён сар бароварда ва пояҳои ин забонро дар сарзамини фарҳангхези Варорӯд зери ҳимояти амирону вазирони кордони Сомонӣ устувор кардааст".
Дар поёни ҳамоиш баёнияе иборат аз 10 банд қабул шуд, ки мувофиқи он, бар асоси пешниҳоди сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, 22-юми сентябр ба унвони “Рӯзи муштараки бузургдошти Рӯдакӣ дар ҳар ду кишвар – Тоҷикистон ва Эрон” ҳар сол ҷашн гирифта шавад.

“НОМАҲОИ АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ  ВА САДРИДДИН АЙНӢ” ДАР ЭРОН

Китоби “Номаҳои Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ” бо кӯшиши як тан аз шефтагони мероси гаронарзиши ин ду устоди бузургвор Муҳсини Фараҳбар ба тозагӣ дар Теҳрон тавассути интишороти "Шерозаи китоби мо" ба зевари табъ ороста шуд. 

Китоб аз се бахш иборат аст. Бахши аввал “Дӯстии ду устод” унвон дошта, дар он мақолаҳои тадқиқӣ ва меҳрномаҳои Силсилабону Лоҳутӣ, Камол Айнӣ, Абдухолиқ Набавӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Рустам Ваҳҳобзода, Масъуд Ирфониён ва Матлубаи Мирзоюнус фароҳам омадааст.
Бахши дувуми китоб “Номаҳо” унвон дошта, 92 мактуби ду устоди бузургвори суханро дар бар мегирад.
Бахши сеюми китоб “Пайвастҳо” буда, гоҳшумори зиндагии Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айниро ба таври муфассал гирд овардааст. Дар охири китоб як миқдор аксҳои таърихӣ ва мондагори ду устод, ки баёнгари дӯстии самимона ва ҳамкориҳои судманди адабии онҳост, афзуда шудаанд. Шарҳи калимаву таъбирҳои душворфаҳм дар охири китоб барои дуруст дарк намудани матни номаҳо ба хонанда ёрӣ мерасонад.

ЧОПИ “ОДИНА”-И УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ БО ХАТТИ НИЁГОН

Романи “Одина”-и устод Садриддин Айнӣ бо кӯшиши адабиётшиноси эронӣ Муҳсини Фараҳбар дар Эрон рӯи чоп омад. Бояд гуфт, ки Муҳсини Фараҳбар муддате дар Тоҷикистон буд ва пайи пажӯҳиши осору рӯзгори устодон Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ мегашт. Инак, ганҷи ранҷи чандсолаашро дар чопи китоби “Одина” пешниҳод кард. Бино ба гуфтаи ӯ, Садриддини Айнӣ аз бузургтарин адибони форсигӯи Осиёи Марказӣ буда, омӯхтани осораш барои эрониён сахт муфид мебошад. Ӯ менависад: “Осори Садриддин Айнӣ нақши арзанда дар таҳаввулоти фарҳангиву адабии Варорӯд (Мовароуннаҳр) дар садаи бистум доштааст”.
Дар Эрон нақша доранд, ки ҳамаи асарҳои устодро давра ба давра бо хатти ниёгон пешниҳоди хонандагони бешумори эронӣ гардонда, дар ҷодаи ҳамбастагии фарҳангии ду кишвар саҳм бигзоранд.

Бознашр аз “Ҷумҳурият”, №15 аз 21.01.2025

Хатти хабарҳо

20.11.2026 12:04

Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд

Имрӯз, 20-уми ноябр бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва интихоби номзадҳои болаёқат аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои давраи нави таҳсили солҳои 2027-2029 дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои Ҷопон, дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ гардид.
20.11.2026 09:04

Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид

Таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» дар 9 моҳи соли 2026» баргузор гардид.
20.11.2026 09:01

Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?

Тоҷикистони имрӯзӣ, ки тақрибан як аср қабл онро кишвари коммунистӣ мешинохтанд, бар асоси идеологияи коммунистӣ ё ба истилоҳи рӯшанфикрони “нав ба исломрасида”-и тоҷик “кишвари атеистӣ” ба ҳайси як давлату миллат дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил карда шуд.
19.11.2026 17:28

Дидори таърихии Трамп, Ҷинпин, Путин ва саволҳои беҷавоб дар бораи Украина

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин ва Русия дар аввалин нишасти сеҷонибаи “таърихии” худ дар шаҳри Шенҷени Чин масъалаҳои вобаста ба ҷанги Украина, назорати силоҳи атомӣ, амнияти байналмилалӣ ва таъмини бозорҳои ҷаҳонӣ бо захираҳои энергетикиро баррасӣ карданд.
19.11.2026 15:05

Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард

Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон мехоҳад барои барқарор намудани чарогоҳҳои харобшуда ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ барномаҳои муштарак таҳия кунад. Дар ин барнома таваҷҷуҳи асосӣ ба водии Фарғона ва минтақаҳои кӯҳии атрофи он равона хоҳад шуд.
19.11.2026 15:00

Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст

Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон як сокини маҳаллӣ бо гумони ташкил намудани таълими ғайриқонунии динӣ барои 12 нафар боздошт шудааст. Ҳафт нафари ин кӯдакон аз кишвари Тоҷикистон будаанд. Ин сокини маҳаллӣ барои таълим аз ҳар як кӯдак 100 доллар маблағ мегирифтааст.
19.11.2026 14:54

Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд

Қазоқистон аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои муқобила бо хатарҳои амниятии вобаста ба Афғонистон муттаҳидона чораандешӣ кунанд.
19.11.2026 13:19

СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд

Гурӯҳҳои террористии фаъол дар хоки Афғонистон ба таҷҳизоти муосири тактикӣ, аз ҷумла паҳбодҳо дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ин бора Александр Зуев, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм хабар додааст.