Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
10 ҳазор ҷасад дар Ғазза ҳанӯз дар зери вайронаҳо боқӣ мондаанд
Ниҳоди ҳолатҳои фақулодаи Ғазза тахмин мекунад, ки аз оғози ҷанги Исроил дар Ғазза то ба кунун 10 ҳазор ҷасад дар зери вайронаҳо боқӣ мондаанд.
Ин ниҳод дархост намудааст, ки барои берун овардани ҷасадҳо техника ва дигар васоили лозима зарур аст ва аз ниҳодҳои кумаккунанда хостааст, дар ин ҷиҳат кумак расонанд.
Пас аз оғози оташбас ниҳоди ҳолатҳои фавқулода ва имдодрасонии фаластинӣ дар зери хона ва ҷодаҳои вайроншуда ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо оғоз намуданд ва то кунун ҳудуди 150 ҷасадро аз зери вайронаҳо берун кашидаанд.
Тибқи арзёбии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар моҳи ҷорӣ нашр шуд, поксозии беш аз 50 миллион тонна харобаҳои боқимонда аз бомбаборони артиши Исроил эҳтимолан 21 сол тӯл мекашад ва 1,2 миллиард доллар маблағ лозим аст.
Вазорати тандурустии Фаластин омори кушташудаҳо аз оғози ҷанг дар Ғаззаро 47 ҳазор нафар эълон намуд. Ин ниҳод тахмин мекунад, ки ҷасадҳои ҳазорон нафари дигар дар зери вайронаҳо боқӣ мондааст.
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таъкид кардааст, ки рушди Ғазза ба сабаби ҳафт даҳаи ҷанг ақиб мондаанд.
Оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи якшанбе, 19-уми январи соли 2025 бо табодули аввалин асирони ҳар ду тараф оғоз шуд. Кишварҳо талош доранд, ки дар минтақаи Ғазза оташбаси доимӣ барқарор шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка