Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Депутат: “Ҳама навиштаву эълонҳо дар Ӯзбекистон бояд ба забони ӯзбекӣ бошад”
Раиси як ҳизби сиёсии Ӯзбекистон бо зикри ин ки ҳоло дар кӯчаву хиёбонҳои Ӯзбекистон эълону навишта ва рекламаҳо ба забони ғайриӯзбекӣ зиёд ҳастанд, гуфт ҳама навиштаву эълонҳо дар кӯчаву хиёбони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бояд ба забони давлатӣ - ӯзбекӣ бошад.
Алишер Қодиров, раиси ҳизби “Миллий-тикланиш”, ки депутати Маҷлиси Олӣ низ ҳаст, дар пайи таҳияи лоиҳаи қонун дар ин замина аст. Вай таъкид кард, ки ҳизби “Миллий-тикланиш” лоиҳаи “Қонун дар бораи навиштаҷот дар кӯча ва хиёбонҳо”–ро таҳия намуда, ба парлумон пешниҳод менамояд.
“Мушкилот ҷиддӣ аст, ки дар тамоми шаҳрҳои мо, сар карда аз Тошканд шиор ва эълонҳо дар хиёбон ба забони дигар, ҳатто бо алифбои дигар навишта мешавад”- қайд кард ӯ.
Алишер Қодиров афзуд, ки ҳама навиштаҷот бояд ба забони ӯзбекӣ бошад ва дар ҳолати зарурат мумкин ба дигар забон онҳоро бинависанд.
“Муносибати мо ба забони ӯзбекӣ ҳамчун муҳимтарин арзиши миллӣ бояд ба куллӣ тағйир ёбад. Аввал аз ҳама, соҳибкорон, моликон ва мақомоти давлатӣ бояд ба забони ӯзбекӣ эҳтиром гузоранд ва тобеъи қонун бошанд. Ҷомеа дар ин замина бо принсип бошад”, таъкид намудааст Алишер Қодиров.
Алишер Қодиров чанде қабл дар Маҷлиси Олӣ шадидан аз истифодаи сигорҳои электронӣ дар байни ҷавонони ӯзбек интиқод карда, аз вакилон хост, ки бояд қонун дар бораи манъи хариду фурӯш ва воридоти он ба Ӯзбекистон қабул шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид