3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:33, Душанбе
21.01.2025 11:17

Оташбас дар Ғаза бо озодии 3 асири исроилӣ ва 90 асири фаластинӣ оғоз шуд

Дар нимаи рӯзи якшанбе, 19-уми январ соати 11:15 дақиқа оташбас миёни Исроил ва Ҳамос оғоз шуд.

Дафтари матбуоти сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу иттилоъ дод, ки оташбас баъди чанд соати таъхир оғоз гардид ва бандҳои он дар ҳоли иҷро шудан аст.

Хабари эълони оташбас ва оғози онро фаластиниҳо бо шуру шараф ҷашн гирифтанд. Бар хилофи бозтоби ВАО-и ғарбӣ ва исроилӣ неруҳои низомии Ҳамос бо анҷоми реҷаи низомӣ оғози оташбасро бо пойкӯбӣ ҷашн гирифта, онро пирӯзии ин гурӯҳ бар артиши Исроил унвон карданд.

Сарони кишварҳои ҷаҳон, ба вижа Амрико ва Иттиҳоди Аврупо, Эрон ва кишварҳои Халиҷи форс оғози оташбас ва қатъи ҷанг дар минтақаи Ғазаро умедворкунанда хонданд.

Бар асоси маводи мувофиқатномаи оташбас дар маҳилаи аввал бояд се асири зиндонии исроилӣ бар ивази озодии 90 фаластинии зиндонӣ озод мешуданд.

Баъди чанд соати таъхир дар иҷрои озодии асирон се зани фаластиниро Салиби Сурх аз неруҳои Ҳамос пас гирифт ва ба мақомоти исроилӣ супурд. Исроил бошад 90 фаластиниро, ки солҳои тӯлонӣ дар зиндонҳои Исроил зиндонӣ буданд, озод кард.

Зиндониёни озодшуда ба назди хонаводаҳои худ баргаштанд. Гурӯҳе аз фаластиниҳо бо шуру ҳаяҷон интизори хонаводаҳои зиндонии худ буданд ва вақте наздиконашон аз зиндон озод шуданд, бо барафроштани парчами Фаластин пойкӯбӣ намуданд.

Оташбас се марҳиларо дар бар мегирад. Дар ин се марҳила Исроил вазифадор аст, ки асирони фаластиниро озод намуда, марҳила ба марҳила неруҳои низомиашро аз минтақаи Ғаза берун оварад.

Бар ивази он Ҳамос вазифадор аст, ки ҳамаи асирони исроилиро озод намуда, ба хонаводаҳояшон баргардонад.

Оташбас вориди дуюмин рӯзи худ мешавад. Баъзе аз сокинони Ғаза ба хонаҳои вайроншудаи худ бармегарданд. Аксари минтиқаҳои Ғаза замини сӯхтаро мемонад. Хонаҳо вайрон шуда ва оворагони фаластиние, ки ба минтақаҳои маскунии худ баргаштанд, мегӯянд аз хонаҳои худ ҳеч нишоне боқӣ намондааст.

Бар асоси мувофиқатномаи оташбас миёни Исроил ва Ҳамос бар ивази озодии як зиндонии исроилӣ 30 нафар зиндонии фаластинӣ бояд озод шавад. Дар марҳилаи аввали татбиқи мувофиқатномаи оташбас бар ивази 3 зиндонии исроилӣ 90 зиндонии фаластинӣ озод гардиданд.

Ҳамчунин, ворид шудани 600 камаз маводи аввалия ба навори Ғаза дар ибтидои оғози оташбас сурат гирифт. Нозирони оташбас ба Исроил фишор ворид мекунанд, ки вуруди кумакҳои башардӯстона ба минтақаи Ғаза бештар сурат бигирад.

Чанде қабл аз оғози оташбас мудири Барномаи ғизои Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, ки  бо шуруъи раванди оташбас рӯзона 600 мошин кумакҳои башардӯстона ба дохили минатқаи Ғаза хоҳад фиристод. Мудири Барномаи ғизои Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, ки 2 миллиону 200 ҳазор фаластинии овора дар минтақаи Ғаза ба кумакҳои аввалия ниёз доранд.

Дар миёни 90 фаластинии аз зиндони Исроил озодшуда, 69 нафар зан ва 21 нафар писарони ҷавони 18-сола ҳастанд. Рейтерз гузориш додааст, ки ҳамаи 90 нафар дар ҳодисаҳои ахир боздошт шудаанд ва ҳанӯз муҳокимаи додгоҳиашон сурат нагирифта буд.

Дар марҳилаи аввали оташбас қарор аст, ки бар ивази 33 асири исроилӣ 1900 нафар фаластинӣ аз зиндон озод шаванд.

Қатар дар раванди фароянди оғози оташбас нақши калидӣ бозид. Аз сӯйи дигар дар ҷараёни як ҳафтаи ахир намояндаи хоси Амрико дар умури Ховари Миёна ба ҳукумати сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу фишорҳои зиёдеро барои қатъи ҷанг ва оғози оташбас ворид кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.