Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ду судяи додгоҳи олии Эрон дар як ҳамлаи террористӣ кушта шуданд
Як фарди ҳамлагар ба сӯйи ду судяи Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон тир паронид, ки дар натиҷаи он ҳарду кушта шуданд.
Алӣ Розинӣ ва Муҳаммад Муқиса ҳарду судяҳои олирутбаи Додгоҳи Олии Эрон буданд. Фарди ҳамлагар пас аз анҷоми ин амал худкушӣ кардааст.
Мақомоти полиси Эрон дар робита ба ҳодисаи қатли ин ду судяи олрутба тафтишот оғоз кардааст.
Гуфта мешавад, ки Алӣ Розинӣ ва Муҳаммад Муқиса дар тӯли фаъолияти судягии худ парвандаҳои муҳимми сиёсӣ ва амниятиро пеш бурдаанд.
Мақомоти полиси Эрон ҳодисаи зикршударо амали террористӣ арзёбӣ намуданд.
“Тибқи татқиқоти ибтидоӣ фарди ҳамлагар на парвандае дар Додгоҳи олии кишвар дошта ва на аз муроҷиаткунандагон ба шуъбаҳои додгоҳ будааст. Билфосила пас аз иқдоми террористӣ фарди мусаллаҳ дастгир мешавад, ки вай ба суръат пас аз иқдоми террористӣ худкушӣ мекунад”- менависад ВАО-и эронӣ.
Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон қатли ин ду судяи Додгоҳи Олии Эронро маҳкум намуданд. Раҳбари Эрон Алии Хоманаӣ намози ҷанозаи онҳоро хонд ва дар суҳбат бо ВАО гуфт, ки кушташудагон хизматҳои зиёде дар низоми додгоҳии Ҷумҳурии Исломии Эрон кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка