Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сурия воридоти маҳсулоти Русия, Эрон ва Исроилро манъ кард
Ҳукумати ҷадиди Сурия воридоти маҳсулот ва шаҳрвандони Русия, Эрон ва Исроилро ба Сурия манъ кард. Ҳамчунин, муомилоти пулии кишварҳои номбурда бо Бонки марказии Сурия боз дошта шудааст.
Тибқи иттилои “Ал-Арабия” маҳсулоти ин кишварҳо агар ворид шаванд, мусодира карда мешаванд. Қаблан, воридоти маҳсулоти Исроил манъ шуда буд.
Ҷорӣ шудани мамнуъияти вуруди шаҳрвандони Эрон ва Исроил ба Сурия низ ҷуъзе аз тасмимҳои ҳукумати нави Сурия аст. Вале ин мамнуъият ҳанӯз ба шаҳрвандони Русия рабт надорад.
Баъди рӯйи кор омадани ҳукумати нав дар Димишқ бозорҳо бо маҳсулоти воридотии кишварҳои дигар, аз ҷумла обҳои туркӣ, ғизоҳои саудӣ, шириниҳои амрикоӣ ва нӯшокиҳои дигар пур шуд.
Қаблан, рӯзи 13-уми декабр хабаргузории Рейтерз аз боз доштани воридоти гандуми Русия ба Сурия ба сабаби номуайян будани муносибатҳои ду кишвар хабар дода буд.
Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар навбати худ маҳдудиятҳои муомилоти молӣ бо ниҳодҳои давлатии Сурия, аз ҷумла пардохти манобеъи энергетикӣ ва интиқол тавассути Бонки марказӣ, ба истиснои ҳама гуна муомилот ба манифати Русия ва Эронро муваққатан лағв кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка