


Маркетплейсҳои чинӣ дар бозорҳои Осиёи Марказӣ чӣ нақш доранд?

“Пробка”-и тӯлонии мошинҳо дар марзи Қазоқистон бо Русия. Ронандагони тоҷик соатҳо интизор мешаванд

Мусофирон дар Ӯзбекистон метавонанд аз моҳи июл бо сабти электронии ҳуҷҷатҳо парвоз кунанд

Раиси парлумони Эрон: “Дар ҷанги 12-рӯза осмону заминро бар сари душман хароб кардем”
Дар Қазоқистон ҳаҷми паровҳои пластикӣ бо суръат меафзояд
Дар солҳои охир ҳаҷми партовҳои пластикӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон меафзояд. Тибқи иттилои Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон тадқиқот нишон дод, ки истифодаи пластика дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар байни солҳои 2022 ва 2023 ҳаҷми маҳсулоти пластикие, ки вориди бозори Қазоқистон шудааст, аз 387 ҳазор тонна ба 855 ҳазор тонна афзуда, 121,6% дарсадро ташкил додааст.
Вобаста ба ин, дар доираи лоиҳаи “Партовҳои пластикӣ дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистонҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон инвенттаризатсияи партовҳои пластикӣ барои солҳои 2022-2023 гузаронида шуд.
Дар соли 2022 ҳаҷми партовҳои пластикӣ 296 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки он нисбат ба соли 2013 ду баробар зиёд мебошад.
Мушкилоти асосӣ нокифоя будани инфрасохтори коркарди партовҳо, набудани системаи ҷудогонаи ҷамъоварӣ ва сатҳи пасти фарҳанги экологии аҳолӣ мебошад.
Барои ҳалли ин мушкилот чунин тадбирҳо пешниҳод шуданд: беҳбудии инфрасохтор, ҷорӣ намудани коллексияи алоҳида, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва тағйири қонунгузорӣ.
Натиҷаҳои инвентаризатсия ба Қазоқистон дар таҳияи стратегияҳои самараноки идоракунии партовҳои пластикӣ кумак мекунанд, ки ба гузариш ба иқтисодиёти даврӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ мусоидат кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
100 миллион доллар барои Роғун. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдурраҳмон ал-Маршад
Туҳфа ба хонандагони нобино. “Гӯшаи китобҳои гӯё” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Амрико фиристодани мушакҳои зиддиҳавоӣ ба Украинаро қатъ кард
Маркетплейсҳои чинӣ дар бозорҳои Осиёи Марказӣ чӣ нақш доранд?
