Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
74 кӯдаки фаластинӣ дар ҳафтаи аввали соли 2025 кушта шуданд
Дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил ба минтақаҳое, ки дар он ҷо аҳолии ғайринизомӣ маскунанд, дар ҳафтаи аввали соли 2025 74 кӯдак кушта шуданд.
Ҳамоҳангсози умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар сарзамини ишғолшудаи Фаластин хостори поёни ҷанг дар Ғазза шуд. Вай бо хости поёни ҷанг таъкид кард, ки ояндаи беҳтари кӯдакон дар минтақаи Ғазза ва саросари Ховари Миёна ба таъмини амният ва субот вобаста аст.
Муҳаннад Ҳодӣ, ки ҳамзамон муовини ҳамоҳангсози махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар умури сулҳи Ховари Миёна аст, дар ҷараёни боздид аз минтақаи Ғазза бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ мулоқот анҷом дод.
Ҳамоҳангсози кумакҳои башардӯстона, инчунин, аз Калисои Муқаддас дидан намуда, дар он ҷо паёми видеоиро дар иҳотаи кӯдаконе, ки дар натиҷаи ҷанг бесарпаноҳ буданд, сабт кард.
“Калисо, масҷид, ғайринизомиён ва тамоми инфрасохтори ғайринизомӣ бояд ҳифз шавад. Онҳоро танҳо бо роҳи поён додан ба ҷанг ва оташбаси фаврӣ ҳифз кардан мумкин аст. Ман дар дохили ин калисои Ғазза ба ҳама муроҷиат мекунам, ки ҷангро ба хотири кӯдакон, ба хотири ояндаи онҳо ва инчунин, ба хотири ояндаи беҳтари тамоми сокинони минтақа хотима диҳанд”- афзуд Муҳаннад Ҳодӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка