Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Арабистони Саудӣ барномаи атомӣ оғоз мекунад
Мақомоти соҳаи энергетикаи Арабистони Саудӣ хабар доданд, ки ин кишвар барномаи атомиеро оғоз кардааст ва ғанисозии уран дар дастури кор он қарор дорад.
Рейтерз хабар медиҳад, ки Вазири энергетикаи Арабистони Саудӣ Абдулазиз бинни Салмон эълон намуд, ки кишвараш барнома дорад, то фаъолияти тиҷоратӣ дар ҳама бахшҳои маъданӣ, аз ҷумла уранро дар дастури кор қарор диҳад.
Вазири энергетикаи Арабистони Саудӣ чунин эълон кардааст: “Мо уранро ғанисозӣ мекунем, онро хоҳем фурӯхт ва аз он “Торти зард” тавлид хоҳем кард”.
Тибқи иттилои ВАО, манзури вай аз “Торти зард” тавлиди хокистари ғализи маъданӣ аст, ки ҷиҳати таҳияи сӯхти уран барои реакторҳои атомӣ истифода мешавад. Агарчи ин мода ниёз ба нигоҳдории амн дорад, вале аз назари тобиши партав хатарнокии камтар эҷод мекунад.
Рӯзномаи “Модел-Ист” навишт, ки Арабистони Саудӣ дорои як барномаи тамомии нав аст ва қасд дорад, онро рушд бидиҳад, то дар ниҳоят шомили ғанисозии уран шавад. Ғанисозии уран як иқдоми ҳассос аст, зеро метавонад дар сохти силоҳҳои атомӣ мавриди истифода қарор гирад. Риёз эълон намуд, ки ҳадафаш дар истифода аз энергияи атомӣ афзоиши манбаъҳои эрнергетикӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка