Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад
Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад
Эрон: Кишти маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст
Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад
Қазоқистон дар рейтинги нави артишҳои қавии ҷаҳон як зина боло рафт
Созмони “Global Firepower-2025” рейтинги артиш ва қудрати низомии кишварҳои ҷаҳонро нав кард.
Тибқи ин рейтинг артиши Қазоқистон аз назари қудрати низомӣ дар як зина боло қарор гирифт.
Бар асоси рейтинги созмони номбурда Қазоқистон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна аз нигоҳи артиш ва қудрати низомӣ дар ҷойи аввал аст.
Тибқи арзёбии рейтинги Созмон Қазоқистон дар соли 2024 дар байни 145 кишвар, ҷойи 57-ум қарор гирифт.
Дар ин рейтинг мақоми 58-ум ба Ӯзбекистон дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки иқтидори низомии Қазоқистон дар соли 2025 ба ин кишвар имкон дод, ки дар раддабандӣ ба мақоми 57-ум боло равад. Туркманистон дар ҷойи 77-ум, Қирғизистон дар ҷои 105-ум ва Тоҷикистон дар мақоми 108-ум қарор доранд.
Дар раддабандии созмони мазкур тақрибан 60 нишондиҳандаи мухталиф ба назар гирифта мешавад: воҳидҳои низомӣ, молия, таъминоти моддӣ ва географӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тими футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми шоҳ бо тими Тайланд рақобат мекунад
Як мақоми олирутбаи ВКХ-и Амрико рӯзҳои оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад
Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд
Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад