Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Ӯзбекистон хатсайрҳои нави автобусро ба Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад
Хатсайри нави автобус, ки роҳандозӣ мешавад, байни Душанбеву Самарқанд ва Бухоро ҳаракат хоҳад кард. Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон дар ин хусус хабар дод.
Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон дар хусуси роҳандозии хатсайрҳои нави автобусҳои байналмилалӣ ҳамчунин, таъкид кард, ки роҳандозии он ҳамлу нақли мусофирон байни Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, Русия ва Чинро таъмин хоҳад кард.
ВАО-и Ӯзбекистон таъкид мекунанд, ки парвозҳо ба Тоҷикистон дар масирҳои Самарқанд-Душанбе ва Бухоро низ ташкил карда мешавад.
Вазорати зикршуда таъкид меафзояд, ки инчунин, дар масирҳои зерин хатсайрҳо ташкил карда мешаванд:
Казоқистон
Бухоро - Туркистон
Ургенч-Актау
Фарғона-Алмато
Қирғизистон
Андиҷон-Ош
Андиҷон-Ҷалолобод
Андиҷон-Арсланбод
Касансай-Ҷалолобод
Бухоро-Бишкек
Русия
Сурхандарё-Бухоро –Ургенҷ-Нукус- Москва
Ургенҷ-Нукус-Уфа
Нукус-Краснодар
Тошканд-Уфа
Тошканд-Краснодар
Хитой
Нукус-Ургенҷ-Бухоро-Урумчӣ
Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон таъкид намудааст, ки хатсайрҳо равобити нақлиёт байни давлатҳоро ба таври қобили мулоҳиза беҳтар намуда, инчунин, сафарро барои шаҳрвандони кишварҳои минтақа осонтар мегардонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид