Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Арабистони Саудӣ нақшаи нави Исроил барои дастдарозӣ ба бахше аз кишварҳои арабро маҳкум кард
Нақшаи наве, ки дар саҳифаи расмии мақомоти Исроил нашр шуд ва дар он бахшҳое аз кишварҳои араб ҳамчун сарзамини Исроил нишон дода шудаанд, ба вокуниши шадиди кишварҳои араб рӯ ба рӯ шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ нашри нақшаи нави сарзамини Исроилро маҳкум кард. Тибқи нақшае, ки аз сӯйи вазири молияи Исроил Бетсалел Йоэл Смотрич нашр гардид, қисматҳое аз хоки кишварҳои арабӣ ҳамчун моликияти Исроил нишон дода шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ таъкид намудааст, иддаои Исроил дар бораи нақшаи ҷаълии нашршуда, ки бахшҳое аз кишварҳои арабиро дар чорчӯби сарзамини таҳти ишғоли режим нишон медиҳад, беасос аст.
“Ин иддаои ифротгароёна нишондиҳандаи нияти ишғолгарон дар бораи идома ва собит кардани ишғолгарӣ ва таҷовузи ошкор аст”- таъкид кардааст Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ.
Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки масъулиятҳои худ дар гирифтани пеши роҳи таҷовузи Исроил алайҳи кишварҳо ва миллатҳо дар минтақаро иҷро кунад.
Нашри нақшаи ҷадид дар шабакаҳои иҷтимоии мақомоти расмии Исроил ба вокуниши шадиди кишварҳои арабӣ боис гадид. Нашри нақша ё харитаи нави Исроил эътирози густурдаро дар Урдун ба вуҷуд овард. Исроил иддао мекунад, ки ин нақша ҷанбаи таърихӣ дорад ва башҳое аз Урдун, Лубнон, Сурия ва сарзаминҳои ишғолии Фаластинро шомил мешавад.
Вазорати корҳои хориҷаи Урдун бо нашри як баёния иддаои моликият ба хоки Урдун, Фаластин, Сурия ва Лубнонро маҳкум карда, таъкид кардааст, ки “Интишори нақшаи сохта ва иддаои ҳамзамон бо иҳзороти нажодпарастонаи вазири молияи Исроил вобаста ба дархост барои ҳамроҳ кардани Каронаи Бохтарӣ ба Исроил ва оғози шаҳраксозӣ дар минтақаи Ғаза анҷом гирифтааст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка