Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Сӯхтори ваҳшатнок дар Қазоқистон
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, ки дар анбори ноҳияи Алтауи шаҳри Алмато сӯхтор рух дод. Ин вазорат навори оташ гирифтани анборро нашр кард, ки тибқи он оташ кулли анборро фаро мегирад.
Муовини сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи шаҳрӣ Бағдат Чайзода хабар дод, ки қувва ва воситаҳои ин шуъба соати 20:50 ба суроғаи ноҳияи Алтау, кӯчаи Шарипова, 40А барои бартараф намудани оташсӯзӣ сафарбар шуданд.
“Дар анбор аввал дар агрегатҳои сӯхтор ба амал омад. Дар ҳоли ҳозир, дар маҳалли сӯхтор 73 нафар ва 23 техника кор мекунанд. Тамоми амалиёти ҳарбӣ ба ҳизфи анбори ҳамсоя нигаронида шудааст”- таъкид кард Бағдат Чайзода.
Гуфта мешавад, ки хомӯш кардани сӯхтор бо сабаби сарбории зиёди оташгирандаи анбор (маҷмӯаҳои мухталифи инвентаризатсия), дуди зич ва мавҷудияти шиддати баланди барқ дар майдони корӣ мушкил гадид.
Мувофиқи маълумоти то ҳол ба дастрасида аз ин оташсӯзӣ касе осеб надидааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки як анбори якошёна дар кӯчаи Қосим Шарифов низ оташ гирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид