4 Октябр 2026,
якшанбе, 11:56, Душанбе
08.01.2025 11:05

Ҳабси мусофири маст барои озори пешхизмати ҳавопаймо

Дар ҳангоми парвози хайтсари ҳавоии Сочӣ-Тошканд мусофири маст пешхизматро озор дод ва барои ин амал 5 шабонарӯз ба ҳабс маҳкум гардид.

Ҳодиса дар вақти парвози ҳавопаймои ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” аз шаҳри Сочии Федератсияи Русия ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рух додааст.

Мусофир дар ҳолати мастӣ нисбат ба пешхизмат -  С.А.-и 23-сола ҳаракатҳои нодуруст, ки характери таҳқири ҷинсӣ доранд, содир кардааст.

Аз рӯйи далели мазкур нисбат ба мусофири маст бар асоси кодекси маъмурии Ӯзбекистон, моддаи 141, қисми 1 (таҳқири ҷинсӣ) ва моддаи 187, қисми 1 (истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ) парванда тартиб дода шуд.

Гумонбар ба муҳлат 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуда, инчунин, 375 ҳазор сом ҷарима карда шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо