Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Депутати ӯзбек тамокӯҳои электрониро хатарноктар аз шаробу тамокӯ медонад
Алишер Қодиров, раиси Ҳизби демократии Ӯзбекистон “Миллий-тикланиш” дар ҷараёни муҳокимаи қонуни манъи сигаретҳои электронӣ гуфт, ки онҳо аз шароб ва тамокӯи табиӣ хатарноктар мебошанд. Ӯ аз ҳамкорони худ дар парлумон, ки ба муқобили қонуни манъи сигаретҳои электронӣ суханронӣ карданд, интиқод кард.
Депутати ӯзбек таъкид кард, ки паёмадҳои истеъмоли ин гуна маҳсулот метавонад ба саломатӣ ва ояндаи миллат фоҷеабор бошад.
“Аввалан, машрубот ё тамокӯи табиӣ ба одамон зарар дорад, вале ин зарарро то як нуқтаи муайян бартараф кардан мумкин аст. Аммо элементҳои мураккаби химиявӣ дар таркиби тамокӯи сунъии мавҷудбуда, аз бадан хориҷ намешаванд. Он ДНК-ро вайрон мекунад. Рушди зеҳниро якбора заиф менамояд ва ба саломатии репредуктивӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад”- таъкид намуд ӯ.
Алишер Қодиров афзуд, ки тамокӯи табиӣ ва машруботро асосан калонсолон, ки аллакай интихоби худро кардаанд, истеъмол мекунанд. Вале сигаретҳои электронӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла мактаббачагон ва ҷавонони то 30-сола роиҷ шудааст.
“Аз ду се ҳиссаи истеъмолкунандагони сигаретҳои электронӣ ҷавонон ва нисфи онҳо духтарон мебошанд. Ҷавонон ва аз ин рӯ, мардуми мо наметавонанд дар оянда аз зарари ин “эпидемия” канорагирӣ кунанд”- таъкид кард Алишер Қодиров.
Ӯ ҳушдор дод, ки агар аз ҳоло чорае андешида нашавад, дар тӯли 20 соли дигар ҳеч як қонун ё барномаи давлатӣ наметавонад ба афзоиши бештари нуқсонҳои зеҳнӣ кумак кунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7-уми январ лоиҳаи қонуни манъи истифодаи сигаретҳои электронӣ дар парлумони Ӯзбекистон аз ҷониби вакилон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид