4 Октябр 2026,
якшанбе, 11:57, Душанбе
06.12.2024 16:27

Дар Ӯзбекистон ширкатҳои сохтмонӣ барои олуда кардани ҳаво ҷарима мешаванд

Дар Ӯзбекистон ширкатҳои сохтмоние, ки меъёрҳои экологиро вайрон намуда, ҳаворо олуда мекунанд, ҷарима хоҳанд шуд.

Маҷлиси Олии Ӯзбекистон лоиҳаи қонуни экология, ҳифзи муҳити зист ва пешгирӣ аз олуда намудани ҳаворо пешниҳод кардааст, ки тибқи он ширкатҳо муваззаф ҳастанд, меъёрҳои экологиро риоя намоянд. Дар лоиҳаи қонун қайд шудааст, шахсони мансабдоре, ки шикатҳои сохтмонии онҳо меъёрҳои экологиро риоя намекунанд, чораҳои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.

Иқдоми мазкур барои беҳбудии вазъи экологӣ ва коҳиш додани таъсири манфии корҳои сохтмонӣ ва саломатии мардум нигаронида шудааст.

Таҳиягарони қонун бовар доранд, ки чунин тадбирҳо барои риояи қоидаҳои экологӣ ва коҳиш додани олудашавии ҳаво дар майдончаҳои сохтмон мусоидат мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо