8 Июл 2025,
сешанбе, 10:45, Душанбе
03.12.2024 12:49

Низоми раводид миёни Ӯзбекистон ва Чин бекор карда шуд

Чин ва Ӯзбекистон зимни имзои созишнома низоми раводидро бекор карданд. Бахтиёр Саидов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин созишномаи бекор намудани низоми раводид миёни ду кишварро имзо карданд. Тибқи ин низом акнун шаҳрвандони ҳар ду кишвар метавонанд бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз сафар кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар шарҳи созишнома гуфтааст, ки тибқи он шаҳрвандон барои вуруду хуруҷ ё транзит аз қаламрави ду кишвар ба муддати то 30 рӯз аз гирифтани раводид озод мешаванд.

Созишномаи бекор намудани низоми раводид миёни ду кишвар пас аз анҷоми расмиёти давлатӣ ҳукми қонунӣ пайдо мекунад. Расмиёти давлатӣ он аст, ки бояд созишнома аз ҷониби ҳукуматҳои ин ду кишвар тасдиқ шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

07.07.2025 13:11

Ҷоизаи филми “Дар талоши ҳақиқат” аз Синамоҷашнвораи байналмилалии “Камелияи тиллоӣ”

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад, ки филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”, ки бо коргардонии Манзаралӣ Шералӣ таҳия гардидааст, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии давлатҳои аъзои Cозмони ҳамкории Шанхай “Камелияи тилоӣ” ба ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон қадрдонӣ шуд.
07.07.2025 11:27

Финали барвақт? Дар марҳилаи нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо “Реал Мадрид” ва “ПСЖ” рақобат мекунанд

Дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо “Реал Мадрид” ва “Боруссия”-и Дортмунд бо ҳам рақобат карда, бозӣ бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи “Реал Мадрид” ба анҷом расид.
07.07.2025 11:24

63 медал. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии “Архимед”

Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии “Архимед” ба дастоварди назаррас ноил гардиданд.
07.07.2025 10:27

Толибон дар Боку. Наздикшавии Толибон бо Озарбойҷон нигарониҳоро дар Теҳрон ва минтақа афзоиш додааст

Дар ҳошияи 17-умин нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Абдулғанӣ Бародар бо сарвазири Озарбойҷон мулоқот намуда, аз мақомоти ин кишвар хостааст, ки сафири Толибонро расман қабул кунанд. Ин мақоми баландпояи Толибон дар ҷараёни гуфтугӯ аз Озарбойҷон даъват кардааст, ки робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Афғонистонро густариш диҳад.
05.07.2025 14:06

Дипломати афғонистонӣ мегӯяд Русия бо эътирофи Толибон хатои Шӯравиро такрор мекунад

Дар пасманзари тасмими баҳсбарангези Русия дар хусуси ба расмият шинохтани гурӯҳи террористии Толибон, дипломати кӯҳнакори афғонистонӣ Маҳмуд Сайқал ва намояндаи собиқи ҳукумати Афғонистон дар СММ гуфт, ки Маскав бо ин кор хатои Шуравиро такрор мекунад.
05.07.2025 13:55

“Вашингтон пост”: Ин кор душвор аст. Мақомоти аврупоӣ ба дунболи эҳёи музокироти атомӣ бо Эронанд

Рӯзномаи “Вашингтон пост” дар матолибе фазои дипломатии баъд аз ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эронро мавриди таҳлил қарор дода, менависад, ки барои расидан ба як созиши нави атомӣ бо Эрон зарурат вуҷуд дорад, аммо ҳамлаҳои Амрико фазои дипломатиро вайрон карда, роҳро душвор намудааст.
05.07.2025 13:43

Эмомалӣ Раҳмон дар Озарбойҷон пешниҳод кард, ки бозори ягонаи минтақавии энергетикӣ таъсис дода шавад

Дар шаҳри Ханкендӣ Саммити 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир гардид, ки яке аз мавзуъҳои асосии ин нишаст амнияти энергетикӣ ва рушди энергетикаи “сабз” мебошад. Дар саммит суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёдро ҷалб кард, зеро пешниҳод карданд, ки бозори ягонаи минтақавии энергетикӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъсис дода шавад.