Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
СММ ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғаззаро боз дошт
Агентии кумак ва кор бо паноҳандагони фаластинии Созмони Милали Муттаҳид (БАПОР) тасмим гирифт, ки ирсоли кумакҳои башардӯстона ба минтақаи Ғаззаро бо сабаби афзоиши рӯйдодҳои ғорат ва кушта шудани кормандонаш ба таъхир андозад.
Агентии мазкур тасдиқ кардааст, ки корвонҳои мошинҳои кумакҳои башардӯстона рӯзҳои 15-ум ва 30-уми ноябр аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳ рабуда шудаанд.
“Масъулияти ҳифзи коргарон ва ёриҳои башардӯстона ба дӯши давлати Исроил аст. Ин созмон таъкид кардааст, ки онҳо бояд ирсоли амни кумак ба минтақаи Ғаззаро таъмин кунанд”- таъкид кардааст агентии СММ.
Сухангӯи агентии мазкури СММ Луиза Уотерҷ дар суҳбат бо телевизиони “Ал-ҷазира” дар ин бора чунин таъкид кардааст: “Шумори бесобиқаи ҳамкорон ҳангоми расондани кумакҳои башардӯстона ба воситаи гузаргоҳи Керем Шалом, минтақаи асосии вуруди кумакҳои башардӯстона аз Исроил ба минтақаи Ғаза, кушта шудаанд”.
Вай мегӯяд, ки “Ин тасмим танҳо барои ҳифз ва таъмини амнияти кормандони кумакрасон, ки ба корвонҳо хидмат мекунанд, гирифта шудааст.”
Боз доштани ирсоли кумакҳои башардӯстона ба минтақаи Ғазза дар ҳолест, ки вазъи гуруснагӣ дар ин минтақа “бо суръат бадтар мешавад” гуфтааст раиси БАПОР Филипп Лаззарини.
Қаблан, Исроил Созмони Милали Муттаҳидро дар бораи қатъи созишномаи танзими муносибатҳо бо Агентии СММ оид ба кумак ба гурезаҳои фаластинӣ, ки аз соли 1967 фаъолият мекунад, огоҳ карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка