Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Ӯзбекистон узви Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мешавад
Намоядаи хоси президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ таъкид намудааст, ки кишвараш бо идомаи гуфтугӯҳои созандаи дуҷониба бо Чин дар як қадами роҳи узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ қарор гирифт.
Азизбек Урунов, намояндаи хоси президент дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Линкидин” дар ин бора чунин навишт: “Ҳайате аз Тошканд ба Пекин сафар карда ва музокиротро бо тарафи чинӣ дар бораи узвияти Ӯзбекистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ бо муваффақият ба поён расониданд.”
Ӯ гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ барои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ қадамҳои муҳимме бардошта шуд, ки дар ин замина метавон ба музокира бо 2 бозигари бузурги тиҷорати ҷаҳонӣ Чин ва ИМА ишора кард.
Намояндаи Ӯзбекистон гуфтааст, ки то ҳол бо 23 кишвар дар робита ба узвияти кишвараш ба созиш расида, гуфтугӯҳои дуҷониба бо Чин ва ИМА –ро ба поён расонидааст.
Таъкид мешавад, ки Ӯзбекистон ният дорад, қабл аз Конфронси вазирони Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, ки дар Камерон баргузор мешавад, узвияти созмонро ба даст орад.
Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ узвияти Ӯзбекистон метавонад суръати рушди иқтисодиашро дар давоми панҷ сол то ба 18 дарсад бирасонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад