Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Шавкат Мирзиёев рушди иқтидори иқтисодии Бухороро баррасӣ кард
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласае, ки рӯзи 29-уми ноябр доир гардид, масъалаи афзоиши воридоти сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди иқтидори иқтисодии Бухороро мавриди баррасӣ қарор дод.
Тибқи маълумот иқтисоди вилояти Бухоро асосан кишоварзӣ аст: “Тайи 7 соли ахир ба вилоят беш аз 4 миллиард доллар сармоя ҷалб гардид, ки ба рушди соҳаи энергетика, электротехника, саноати химия, дорусозӣ ва истеҳсоли нассоҷиву чарм мусоидат кард”, - менависад ВАО-и Ӯзбекистон
Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари корӣ ба Бухоро ташриф оварда буд, масъалаи муҳимми иқтисодиро бо мақомоти вилоят баррасӣ намуд. Сафари президент ба рушди вилоят такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъкид шуд, ки ҳамаи супоришҳои ба миён гузошташуда то охири сол бояд иҷро шавад.
Президенти Ӯзбекистон таъкид намуд, ки зарурати таъмини рушди минбаъдаи иқтисод дар соли 2025 ва баланд бардоштани сатҳи шуғлу сатҳи зиндагии мардум ҳадафи асосии ҳукумат аст. Дар робита ба ҳадафи зикршуда гурӯҳҳои корӣ захираҳои иловагии минтақа ва монеаҳоеро, ки ба рушди соҳибкорӣ халал мерасонанд, мавриди омӯзиш қарор доданд.
Дар ҷаласа президент аз нишондиҳандаҳои иқтисодии имрӯзаи вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, корҳои ғайриқаноатбахш барои ҷалби сармоя, мубориза бо фақр ва коҳиши бекориро зикр намуд. Таъкид гардид, ки ба иҷрои 70 лоиҳаи афзалиятнок ва муваффақ дар Сайҳунобод, Уйчӣ, Зарбдор ва Ғиждувон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Тибқи пешбинӣ иҷрои лоиҳаҳо ба 150 нафар даромад меорад ва 40 ҳазор сокинони минтақаро аз фақр наҷот медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид