Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Кумакҳои башардӯстонаи Русия ба Ғазза ирсол шуд
Ҳавопаймои “Ил-76”-и Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия 30 тонна ёриҳои башардӯстонаи ин кишвар барои сокинони Ғаззаро ба Миср интиқол дод. Хабаргузории “РИА Новости” менависад, ки кумакрасонҳои рус 30 тонна бастаи кумакҳои башардӯстонаро аз Русия ба Миср бурда, ба намояндагони Ҳилоли Аҳмар супориданд.
Оморҳо нишон медиҳанд, ки аз оғози ҷанг дар Ғазза мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия 800 тонна ғизо, дору, пӯшок ва дигар намуди маҳсулоти ниёзи аввалияро бо парвозҳои ғайримустақим ба сокинони минтақаи Ғазза интиқол додаанд.
Бояд зикр кард, ки ҷанги Ғазза бо ҳамлаи 7-уми октябри неруҳои Ҳамос ба хоки Исроил дар соли 2023 оғоз гардид ва тӯли беш аз як сол боз идома дорад. Дар ҷараёни ҷанг танҳо як маротиба оташбаси 7-рӯза барқарор шуд ва баъди он Исроил бо террори роҳбарони Ҳамос ва ҳамла ба тамоми манотиқи аҳолинишини Ғазза минтақаро комилан ба хокистар мубаддал кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка