20 Ноябр 2026,
ҷумъа, 12:43, Душанбе
28.11.2024 22:12

Дар соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегардад

Дар мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид шуд, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин дар соли 2025 баргузор мегардад. Дар ин хусус Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ВАО хабар додааст.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба гуфтугӯ намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 4-уми январи соли 1992 муносибатҳои дипломатиашро барқарор намуд. Сафорати Чин дар Тоҷикистон 13-уми марти соли 1992 ва сафорати Тоҷикистон дар Чин 7-уми апрели соли 1997 боз шуданд.

Дар тӯли равобити сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатӣ чандин маротиба Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин ва баръакс Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон баргузор шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

20.11.2026 12:04

Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд

Имрӯз, 20-уми ноябр бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва интихоби номзадҳои болаёқат аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои давраи нави таҳсили солҳои 2027-2029 дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои Ҷопон, дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ гардид.
20.11.2026 09:04

Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид

Таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» дар 9 моҳи соли 2026» баргузор гардид.
20.11.2026 09:01

Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?

Тоҷикистони имрӯзӣ, ки тақрибан як аср қабл онро кишвари коммунистӣ мешинохтанд, бар асоси идеологияи коммунистӣ ё ба истилоҳи рӯшанфикрони “нав ба исломрасида”-и тоҷик “кишвари атеистӣ” ба ҳайси як давлату миллат дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил карда шуд.
19.11.2026 17:28

Дидори таърихии Трамп, Ҷинпин, Путин ва саволҳои беҷавоб дар бораи Украина

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин ва Русия дар аввалин нишасти сеҷонибаи “таърихии” худ дар шаҳри Шенҷени Чин масъалаҳои вобаста ба ҷанги Украина, назорати силоҳи атомӣ, амнияти байналмилалӣ ва таъмини бозорҳои ҷаҳонӣ бо захираҳои энергетикиро баррасӣ карданд.
19.11.2026 15:05

Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард

Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон мехоҳад барои барқарор намудани чарогоҳҳои харобшуда ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ барномаҳои муштарак таҳия кунад. Дар ин барнома таваҷҷуҳи асосӣ ба водии Фарғона ва минтақаҳои кӯҳии атрофи он равона хоҳад шуд.
19.11.2026 15:00

Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст

Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон як сокини маҳаллӣ бо гумони ташкил намудани таълими ғайриқонунии динӣ барои 12 нафар боздошт шудааст. Ҳафт нафари ин кӯдакон аз кишвари Тоҷикистон будаанд. Ин сокини маҳаллӣ барои таълим аз ҳар як кӯдак 100 доллар маблағ мегирифтааст.
19.11.2026 14:54

Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд

Қазоқистон аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои муқобила бо хатарҳои амниятии вобаста ба Афғонистон муттаҳидона чораандешӣ кунанд.
19.11.2026 13:19

СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд

Гурӯҳҳои террористии фаъол дар хоки Афғонистон ба таҷҳизоти муосири тактикӣ, аз ҷумла паҳбодҳо дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ин бора Александр Зуев, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм хабар додааст.