3 Октябр 2026,
шанбе, 16:23, Душанбе
26.11.2024 08:02

Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон оғоз мешавад

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад, ки имрӯз аз соати 17:00 дар кинотеатри “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Беларус ифтитоҳ мешавад.

Гуфта мешавад, ки 26-уми ноябр соати 10:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми мустанади “Орзуи қаҳрамон” ва соати 17:00 филми тасвирии “Суруди Сирен” намоиш дода мешавад.

Елена Турова коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Беларус барои хоҳишмандон дар Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз”, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дарсҳои “Устод ва шогирд” баргузор менамояд.

Қобили зикр аст, ки Рӯзҳои синамои Беларус аз 25 то 27-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо