Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
ГААГА ҳукми боздошти сарвазир ва вазири мудофеаи Исроилро содир кард
Суди байналмилалии Гаага ҳукми боздошти сарвазири Исроил Бенёмин Натанёҳу, вазири собиқи мудофеи ин кишвар Йоав Галант ва раиси ситоди низомии Ҳамос Муҳаммад Дайфро дар ду ҳукми ҷудогона содир кард.
Раиси кулли суди Гаага рӯзи панҷшанбе илова ба ду раҳбари Исроил, дастури боздошти Муҳаммад Дайф, раиси ситоди низомии Ҳамосро низ содир кардааст.
Суди Гаага дар шарҳи қарори худ гуфтааст, ки ин афрод ба ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят бар зидди башарият муттаҳам ҳастанд.
Раиси ситоди низомии Ҳамос ба иттиҳоми қатл, гаравгонгирӣ, хушунати ҷинсӣ маҳкум шудааст.
Ду мақоми исроилӣ – сарвазир ва вазири мудофеи собиқ барои маҳрум кардани ғайринизомиёни фаластинӣ дар Ғаза аз ниёзҳои асосӣ, монанди ғизо, об, дору, сӯхт ва ҳамчунин, монеа эҷод намудан барои дастрасӣ ба кумакҳои башарӣ маҳкум шудаанд.
Сарвазири Исроил Бенёмин Натанёҳу ҳукми боздошташ аз сӯйи суди Гаага-ро “аблаҳона” ва “зидди яҳудият” хондааст.
Дар пайи содир шудани ҳукми боздошти мақомдори исроилӣ як қатор кишварҳо ба он вокуниш нишон додаанд. Эрон ҳукми боздошти мақомоти исроилиро шунидани садои башарият ва ҳуқуқи инсон тавсиф кард. Ироқ, Лубнон, Арабистони Саудӣ аз ин ҳукм истиқбол намуданд. Кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумл Фаронса гуфтанд, ки лозим аст муқаррарот ва қарорҳои суди Гаага-ро иҷро кунем. Италия гуфт, ки дар сурати вуруди ин ду мақомдори исроилӣ ба ин кишвар бар асоси дастури суди Гаага боздошт хоҳанд шуд. Ҷозеп Боррел, раиси Иттиҳоди Аврупо таъкид кард, ки ҳама кишварҳо вазифадоранд, ки ҳукм ва дустури суди Гаага-ро иҷро кунанд. Амрико бошад ҳукми суди зикршударо ноодилона хонд ва гуфт дар канори Исроил меистад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка