Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Пизишкиён кӯчонидани пойтахт ба ҷануби Эронро пешниҳод кард
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён зимни боздид аз қароргоҳи “Хотамул-анбиё” таъкид кард, ки суръати кӯчонидани пойтахт ба ҷануби Эрон - соҳили Халиҷи Форсро бояд ҷиддӣ пайгирӣ намоянд. Қаблан, дар соли 2013 масъалаи кӯчонидани пойтахт ба миён гузошта шуда буд.
Масъуд Пизишкиён таъкид намудааст, ки нигоҳ доштани Теҳрон ба унвони пойтахт бо чандин сабабҳо ва пеш аз ҳама сабабҳои иқтисодӣ ғайримкон шудааст: “Теҳрон бо мушкилоте рӯ ба рӯ аст, ки ҳал карданашон ғайриимкон мебошад. Ҳар коре, ки кунем, вақти худро аз даст медиҳем. Аз ин рӯ, дигар интихобе нест, ҷуз кӯчонидани маркази иқтисодӣ ва сиёсӣ ба соҳилҳои ҷануб”.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён афзудааст, ки нодида гирифтани масъалаи зикршуда метавонад кишварро дар оянда ба буҳрони экологӣ ва дигар мушкилоти зиёд дучор кунад.
Муовини аввали президент Муҳаммадризо Ориф вазифадор шудааст, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи кӯчонидани пойтахт назорат дошта бошад.
Масъуд Пизишкиён дар замони маъракаҳои интихоботӣ низ масъалаи кӯчонидани пойтахти Эрон ба ҷануби ин кишвар – соҳилҳои Халиҷи Форсро матраҳ намуда буд. Дар соли 2023 110 вакили Шурои Ҷумҳурии Исломӣ – парлумони Эрон бо асоси овоздиҳӣ масъалаи кӯчонидани пайтахтро қабул намуда буданд. Ин шуро он вақт таҳқиқот гузаронид, то муайян намояд, ки “кадом шаҳр ҳамчун алтернативаи беҳтар барои пойтахт мувофиқ аст”.
Бояд гуфт, дар Теҳрон, ки пойтахти Эрон аст, ҳоло 20 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка