Масъалаи будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова баррасӣ гардид
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Президенти Сербистон истеъфо дод
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Нуриддин Исмоилов бори сеюм раиси Палатаи қонунгузории Ӯзбекистон интихоб шуд
18-уми ноябр ҷаласаи нахустини Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ӯзбекистон даъвати нав баргузор шуд, то раиси нави Парлумони Ӯзбекистонро интихоб намоянд.
Тибқи овоздиҳии пинҳонии вакилон Нуриддин Исмоилов бори сеюм раиси Палатаи қонунгузории Ӯзбекистон интихоб гардид. Мавсуф аз соли 2015 ба ҳайси раиси Маҷлиси Олии Ӯзбекистон кор кардааст.
Нахустин маҷлиси парлумони тозаинтихоби Ӯзбекистон бо ҳайати нав рӯзи душанбе - ҳафтаи оянда баргузор хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки раиси Парлумони Ӯзбекистон тибқи овоздиҳии пинҳонии вакилон ва ба муҳлати муайяннамудаи Конститутсияи Ӯзбекистон интихоб мешавад.
Раиси парлумони Ӯзбекистон Нуриддин Исмоилов соли 1959 таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тошканд бо ихтисоси ҳуқуқшинос мебошад. Ӯ аъзои Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид