Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Таҳдиди гузоштани бомб дар Академияи тиббии Қирғизистон
Расонаҳои Қирғизистон менависанд, ки хабари гузоштани бомб (моддаи тарканда) дар Академияи тиббии Қирғизистон донишҷӯён ва кормандони онро нигарон кард. Гуфта мешавад, мақомоти қудратии ин кишвар дар пайи амали мазкур тамоми биноро аз афрод холӣ намуданд.
Полиси Қирғизистон рӯзи 18-уми октябр соати 11:00 хабари гузоштани як бомб дар дохили Академияи тиббии Қирғизистонро дарёфт кард. Кормандони полис баъди дарёфти хабар вориди Академияи мазкур шуда, кормандон ва донишҷӯёнро аз он хориҷ намуданд. Дар натиҷа Академияи тиббии Қирғизистон ва атрофи он бо истифода аз сагҳое, ки бомбро кашф мекунанд, ҷустуҷӯ шуданд.
Аммо то ҳанӯз вуҷуд доштани бомб дар муассисаи мазкур аз тарафи мақомоти қудратӣ ва расмии кишвари Қирғизистон тасдиқ нашудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳафтае қабл як гурӯҳ дар Қирғизистон ба иттиҳоми ташкили табаддулоти давлатӣ боздошт шуданд. Дар қатори гурӯҳи боздоштшуда низомиён ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар ҳузур доштанд. Тайи як ҳафтаи охир ду ҳодисае дар Қирғизистон рух дод, ки боиси сарусадои зиёд гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид