3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:33, Душанбе
18.11.2024 12:04

Дар Арабистони Саудӣ бо истифода аз ҳуши маснyъӣ платформаи омӯзиши мусиқӣ сохтанд

Тибқи хабари ВАО-и Арабистони Саудӣ Комиссияи мусиқии ин кишвар бо истифода аз ҳуши маснуъӣ платформаи омӯзиши мусиқиро ташкил кардааст.

Комиссияи мусиқии кишвари Арабистони Саудӣ, ки чор сол қабл ба хотири ҳимоят аз ҳунари мусиқӣ ташкил шуда буд, таъкид кардааст, платформаи онлайнии омӯзиши мусиқӣ нахустин иқдоми навоварона дар кишвар дониста мешавад.

Ин комиссия зикр кардааст, ки платформаи навташкили барномаҳои омӯзиши мусиқӣ, навохтани асбобҳои мусиқии арабӣ ва ғарбиро бо усулҳои гуногун ёд медиҳад.

Платформаи мазкур шомили давраҳои гуногуни омӯзишӣ барои сатҳҳои мухталиф ва видеоҳои омӯзишӣ аст, ки бо истифода аз охирин технологияҳои муосир таҳия шудааст. Мақсади ташкили платформаи зикршуда рушд додани истеъдодҳои мусиқӣ, ҳимоят аз ҳунар ва эҷоди муҳити солим барои омӯзиши мусиқӣ дар ҷомеаи араб унвон шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.