3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:33, Душанбе
16.11.2024 12:04

Илон Моск дар бораи “коҳиши таниш” бо сафири Эрон гуфтугӯ кард

Рӯзномаи “Вашингтон пост” навишт, ки Илон Моск, миллиардер ва мушовири аршади Доналд Трамп  бо сафири Эрон Сайид Амири Ирвонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид дидор ва дар бораи коҳиш додани таниш миёни Эрон ва Амрико суҳбат кардааст.

Ин рӯзнома бо такя ба ду мақоми эронӣ навиштааст, ки мулоқоти дуҷониба рӯзи душанбе – 11-уми ноябр дар макони “маҳрамона” ду соат давом кардааст. Мақомоти эронӣ, ки бо рӯзномаи зикршуда бидуни ифшои номашон суҳбат кардаанд, мулоқоти дуҷонибаро “мусбат” ва “хабари хуб” тавсиф намудаанд.

Тибқи иттилои рӯзнома дархости мулоқот аз ҷониби Илон Моск сурат гирифта ва маҳалли мулоқотро сафири Эрон интихоб намудааст. Худи Илон Моск ба дархостҳо дар робита ба изҳори ақида дар ин маврид посух надодааст.

Бояд гуфт, ки ин аввалин гузориш дар мавриди мулоқоти афроди наздик ба Доналд Трамп бо мақомоти эронӣ пас аз интихоботи гузаштаи Амрико аст. Тибқи гузоришҳо дар даври дувуми президентӣ имкони тағйири мавқеи шадиди Доналд Трамп нисбат ба Эрон вуҷуд дорад. Дар даври аввали президентӣ Доналд Трамп мавқеи тунд нисбат ба Эрон дошт ва аз тавофуқномаи ҳастаӣ хориҷ шуд. Мақомҳои эронӣ гуфтаанд, ки ихтилофот бо Амрикоро аз тариқи гуфтугӯ ва музокира метавон ҳал кард. Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷии Эрон низ чанде қабл гуфт, ки Эрон омодаи музокира ва гуфтугӯ бо Амрико мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.