Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Трамп лоиҳаи оташбас миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳро имзо кард
Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби Амрико дар дидор бо Рон Дермер, вазири корҳои стратегии Исроил лоиҳаи пешнависи оташбас миёни ин кишвар ва Ҳизбуллоҳи Лубнонро имзо кардааст. Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ гузориш додаанд.
Рӯзномаи “Таймс Исроил” низ дар ин бора навиштааст, ки лоиҳаи оташбас 14-уми ноябр имзо шуд ва он дар 20-уми январи соли ояндаи мелодӣ иҷро хоҳад шуд.
Тибқи иттилои рӯзномаи мазкур Амрико пешнависи лоиҳаи оташбасро ба Набеҳ Беррӣ, раиси Парлумони Лубнон ироа кардааст.
Қалбан расҳонаҳои ИМА иттилоъ нашр намуда буданд, ки Исроил лоиҳаи оташбас бо Ҳизбуллоҳи Лубнонро чун ҳадя ба Доналд Трамп пешниҳод хоҳад кард.
Тибқи лоиҳаи мазкур артиши Лубнон назорати марзи Лубнон бо Исроилро зери назари Амрико ва Британияи Кабир ба даст хоҳад гирифт ва Ҳизбуллоҳ аз минтақаҳои марзӣ бо Исроил ақибнишинӣ хоҳад кард.
Наҷиб Миқотӣ, сарвазири Лубнон чанде қабл иттилоъ дода буд, мақомоти амрикоӣ ваъда додаанд, ки ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба шаҳри Бейрути Лубнонро коҳиш хоҳанд дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка