3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:32, Душанбе
16.11.2024 11:44

Бонки ҷаҳонӣ: ҳамлаи Исроил ба Лубнон беш аз 5 миллиард доллар зарари иқтисодӣ ворид кард

Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише гуфт, ҳамлаҳои як соли ахири Исроил ба Лубнон беш аз 5 миллиард доллар хисороти иқтисодӣ ворид кард.

Дар гузориш зикр шудааст, ки  ба таври умда дар бахшҳои бозаргонӣ, гардишгарӣ ва меҳмоннавозӣ ва ҳамчунин, дар бахши кишоварзӣ ин хисоротҳо мушоҳида мешавад.

“Интизор меравад маблағи ниҳоии хисороти вобаста ба ҷанг дар Лубнон ба  миқдори қобили таваҷҷуҳе бештар аз  маблағҳои ироашуда дар ин арзёбӣ бошад”- оварда шудааст дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.

Дар ин гузориш ҳамчунин, таъкид шудааст, ки 99 ҳазору 209 хонаи истиқоматӣ, асосан дар қисмати ҷануби Лубнон дар наздикии марзи Исроил хисорат дидааст. Хисорати воридшуда ба хонаҳои истиқоматӣ 2,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Дар бахши дигари гузориши Бонки ҷаҳонӣ таъкид мешавад, ки 81 дарсади хонаҳои осебдида ва вайроншуда дар минтақаи Сур, Набтия, Банти Ҷабил ва Марҷуъун қарор доранд.

Бонки ҷаҳонӣ тахмин мекунад, ки ҷанги Исроил бо Лубнон маҷмуи маҳсулоти дохилии Лубнонро дар соли 2024 6,6 фоиз коҳиш медиҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.