4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:41, Душанбе
16.11.2024 11:15

Дар авҷи ҷанг китоби Садриддин Айнӣ дар Украина нашр шуд

Мунтахаби осори Садриддин Айнӣ, ки ба забони украинӣ тарҷума шудааст, дар минтақаи Харкови ин кишвар бо теъдоди 1000 нусха нашр гардид.

Ин мунтахаб фарогири “Мактаби кӯҳна”, “Марги судхӯр” ва “Ҷаллодони Бухоро” мебошад.

Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлат Назризода дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки “ношири китоб муаррих ва рӯзноманигори маъруф, муассис ва мудири Осорхонаи хусусии мулкии шаҳри Харков Андрей Параманов мебошад”.

Ҳамчунин, Назризода дар хусуси аҳамияти китоб чунин таъкид кардааст: “Хонандаи украинӣ дар ин китоби устод Садриддин Айнӣ бо осори нависандае ошно хоҳад шуд, ки иллатҳои иҷтимоиро, ки асоси мушкилоту печидагиҳои зиндагии инсонҳо дар он замон дар Бухорои бостонӣ буданд, ифшо мекунад. Дар баробари ин, ба назар мерасад, ки ин асарҳо имрӯзҳо низ, дар ҳоле, ки рӯзгори бисёр одамон пур аз эҳсоси дарду ранҷ аст, моҳият ва аҳамияти аслии худро гум накардаанд”.

Садриддин Айнӣ сардафтари адабиёти тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон (унвони олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)  аст. Осори ӯ ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудааст. Дар замоне, ки дар Украина ҷанг идома дорад, нашри осори ӯ паёми рӯшан барои сулҳхоҳӣ хоҳад буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо