Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Дар вилояти Қашқадарё масҷиди асри XV-ро бозсозӣ мекунанд
Бунёди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки корҳои барқарорсозӣ ва бозсозии масҷиди мазкур аз ҳисоби гранти Донишгоҳи Чикаго бо кумаки Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ӯзбекистон ва Агентии мероси миллии Ӯзбекистон анҷом дода мешавад.
Дар корҳои барқарорсозӣ коршиносони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла профессор Гил Штайн аз Донишгоҳи Чикаго, реставраторҳо аз Италия ва мутахассисони Донишкадаи таърихи санъати Ӯзбекистон ширкат доранд.
Корҳои барқароркунӣ ва бозсозии маҷсид дар се марҳила сурат мегирад: иваз кардани бом, барқарорсозии майолика ва фасад, инчунин, консерватсияи саҳни ҳавлӣ ва сутунҳо.
Бояд гуфт, ки масҷиди Лангар-Ота дар асрҳои XV-XVI сохта шуда, ба рӯйхати мероси моддии фарҳангии Ӯзбекистон, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ дорад, дохил шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад