4 Октябр 2026,
якшанбе, 11:57, Душанбе
15.11.2024 09:58

Оташгирии чархбол дар Қазоқистон боиси ба ҳалокат расидан ва замхӣ шудани 3 нафар шуд

Дар натиҷаи оташгирӣ ва суқути чархбол дар Қазоқистон 1 нафар ба ҳалокат расида ва 2 нафари дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод чархболи МЭ-8 - и Вазорати дифои Қазоқистон ҳангоми тамриноти омӯзишӣ дар наздикии деҳаи Сорезор дар минтақаи Октуба ба сахтӣ фурӯд омадааст.

Тибқи хулосаҳои аввалия чархбол бо далели вуҷуд доштани нуқсони техникӣ ба мушикилот дучор шудааст. Бинобар ин, ба хотири муайян намудани сабабҳои оташ гирифтани он гурӯҳи корӣ ташкил шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо