Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
БОМБАБОРОНИ ХОНАҲО ДАР ЛУБНОН АЗ СӮЙИ ИСРОИЛ. 15 НАФАР КУШТА ШУДАНД
5-уми октябри соли 2024 Неруҳои ҳавоии Ирсоил ба бинои истиқоматӣ дар шаҳри Барҷа, дар қисмати марказии Лубнон ҳамла карданд, ки дар натиҷа 15 нафар сокини осоишта кушта шуда, даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Лубнон хабар медиҳад.
Қаблан низомиёни исроилӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода буданд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шаҳри Хуртаала дар минтақа Бекаа, дар шарқи Лубнон се нафар кушта шуданд.
Неруҳои ҳавоии Исроил, инчунин, ба шаҳри Дейр-Заҳран, дар ноҳияи Набатия ва шаҳри Анкоун дар ноҳияи Сайда ҳамла карданд. Шаҳри Бинт-Джбейл ва қаламравҳои наздиҳавлӣ, аз ҷумла атрофи Марун-эл-Рас зери оташи артиллерия қарор гирифтанд.
Аз моҳи октябри соли 2023 шумораи қурбониёни зарбаҳои исроилӣ дар Лубнон аз 3000 нафар зиёд шуд ва беш аз 13500 нафар захмӣ шуданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка