4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:42, Душанбе
01.11.2024 10:50

Бунёди Айнӣ “Дафтари Порис” –и Қутбӣ Киромро дар Эрон нашр кард

Маҷмуаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром бо забони тоҷикӣ, фаронсавӣ ва хати форсӣ дар шаҳри Теҳрон тарҷума ва нашр гардид.

Маҷмуаи ашъори Қутбӣ Киром тавассути Бунёди Айнӣ зери назари Афсар Киром, Эраҷ Айнӣ ва бо таҳрири Ниёзбадал Меликов, Франсис Ричар нашр шудааст. “Дафтари Порис”-ро ба хати форсӣ Шоҳмансур Шоҳмирзо баргардон намудааст.

Китоб бо муқаддимаи Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон зери унвони “Аз баландии Помир то фарози Эйфил” ва Баҳром Мирсаидов “Париж ва тасвири ҷаҳонии модӣ ва маънавии фаронсавиён дар ашъори Қутбӣ Киром” нашр гардидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо