Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
24-уми ноябри соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Озорбойҷон дар Тоҷикистон доир мешавад
Дар мулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озорбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озорбойҷон дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ба тафоҳум расиданд, ки 24-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озорбойҷон доир гардад. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин хусус хабар додааст.
Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид шуда, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Озорбойҷон таърихи тӯлонӣ дошта, ба воситаи сиёсатгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ҷумҳурии Озорбойҷон Илҳом Алиев дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озорбойҷон соли равон аз 20-ум то 23-уми май бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид