Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Сафири нави Узбекистон дар Афғонистон ба кори худ оғоз кард
Ойбек Усмонов аз ҷониби президенти Узбекистон ба ҳайси сафири нав барои Афғонистон таъин шуд. Ӯ қаблан сафири Узбекистон дар Покистон буда.
Тибқи иттилои расонаҳо Ойбек Усмонов барои оғози кор вориди Кобул шудааст. Ойбек Усмонов бо забонҳои пашту, дарӣ ва англисӣ суҳбат мекунад.
Қабл аз Ойбек Усмонов Ёдгорхоҷа Шодмонов аз соли 2013 то соли 2014 сафири Узбекистон дар Кобул буд.
То ба ҳол дар мавриди таъини сафири нави Узбекистон дар Кобул Толибон изҳори назаре накардаанд.
Чанде қабл Узбекистон сафири нави гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистонро расман қабул кард ва ин дипломати Толибон дар Тошканд ба кори худ оғоз намуд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи террористии Толибон пас аз ба қудрат расидан, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият шинохта нашудаанд. Танҳо бархе кишварҳо бо ин гурӯҳ равобити расмӣ эҷод кардаанд. Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки бо гурӯҳи Толибон робитаи расмӣ барқарор намудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид