Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
СААД барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро қабул мекунад
Дар иҷлосияи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ва бо техникаи ҳарбӣ таъмин намудани неруҳои марзбонӣ қабул карда мешавад.
Тибқи иттилои “РИА Новости”, дар иҷлосияи моҳи ноябр, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир мешавад, масъалаи қабули барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва таъмини таҷҳизоти ҳарбӣ тасдиқ мегардад. Дар ин бора, дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмағамбетов хабар додааст. Ӯ гуфтааст, ки барномаи байнидавлатӣ бо ҳадафи таҳкими марзи Тоҷикистон тасвиб карда мешавад.
“Лоиҳаи барнома аллакай дар сатҳи шуроҳои вазорати мудофиа ва кумитаҳои котибони шуроҳои амнияти СААД мувофиқа шудааст ва дар рӯзномаи ҷаласа қарор дорад” – гуфт, Имангалӣ Тасмағамбетов.
Дабири кулли СААД гуфтааст, ки тасмими таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ва бо таҷҳизоти низомӣ таъмин намудани неруҳои марзбонӣ 13 сол қабл гирифта шуда буд. Ба таъкиди ӯ ин барнома барои таҳкими субот ва амният дар Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад