4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:43, Душанбе
16.10.2024 16:42

Дар Душанбе аз 80-солагии академик Кароматулло Олимзода таҷлил мешавад

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии  адабиëтшиноси варзида Кароматулло Олимзода ба муносибати ҳаштосолагияш баргузор мегардад.

Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон дар ин бора иттилоъ дода, афзуд, ки дар ин маҳфил олимону адибони маъруфи кишвар иштирок ва суханронӣ менамоянд ва овозхонони номвар аз ашъори соҳибҷашн сурудҳо мехонанд. 
Кароматулло Олимзода файласуф, ходими давлатӣ, доктори илми фалсафа, профессор,  академики Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон ва Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Олимзода муаллифи беш аз 300 мақолаву асарҳои илмӣ ва илмию публисистӣ, аз ҷумла монографияҳои "Ҷаҳонбинии Ҳаким Саноӣ", "Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ", "Тасаввуфи Хуросон" (ба забони русӣ), "Баррасиҳо дар тасаввуф" ва силсилаи мақолаҳо оид ба проблемаҳои ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатист.

Осори илмии ӯ дар Русия, ИМА, Олмон, Лаҳистон, Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳо ба нашр расидаанд. Номбурда дар баробари корҳои илмӣ шеър низ мегӯяд.
Dialog.TJ

Хатти хабарҳо