Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Дар самти рақамикунонии соҳаи фарҳанг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Панҷоҳ соли "Тахти вожгун". Аз асари мондагори Ҷалол Икромӣ ëд мекунанд
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 50-солагии нашри романи "Тахти вожгун"- и нависандаи маъруф Ҷалол Икромӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мешавад.
Ба иттилои Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон, ин маҳфил рӯзи 24-уми октябр баргузор мешавад ва дар он аҳли илму адаб ва ҳаводорони осори Ҷалол Икромӣ ширкат менамоянд.
Бояд гуфт, ки романи «Тахти вожгун» қисми савуми асари сегонаи маъруфи Ҷ. Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» буда, дар он муаллиф талоши мардум барои барқарор кардани Ҳокимияти Советӣ дар Бухорои Шарқӣ, мубориза бо душманони дохилӣ, ҷараёни озодшавии занон, вуруди ҷаҳонбинии тоза ба ҳаёти мардуми тоҷикро ба қалам додааст.
Ин асар ба забонҳои зиëди олам тарҷума ва дар кишварҳои мухталиф ба нашр расидааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?