Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Як ширкати узбекистонӣ бо Толибон қарордоди якмиллиарддоллара имзо кард
Мақомҳои Ҳукумати Толибон (ҳаракати террористӣ) қарордоди ҷустуҷӯ ва коркарди гази Тути майдони вилояти Форёби Афғонистонро бо арзиши як миллиард доллар бо як ширкати узбекистонӣ имзо карданд. Ширкати узбекистонии “Эриал компания ” масъулияти иктишоф ва коркарди майдони газии Тути майдони Форёбро бар уҳда гирифта, қарор аст, дар ибтидои кор 1000 миллион доллар ба ин тарҳ сармоягузорӣ кунад.
Мақомоти Толибон гуфтаанд, ки майдони гази Тути майдони Форёб дорои наздики 7000 километри мураббаъ масоҳат буда, муҳлати қарордоди имзошуда 25 солро дар бар мегирад. Ҳомюн Афғон сухангӯйи Вазорати маъдан ва саноати Толибон гуфтааст, ки ширкати узбекистонии “Эриал компания” барандаи қарордод шуда ва ин ширкат қарор аст, ки миллионҳо доллар дар ин бахш сармоягузорӣ кунад: “Ин ширкат дар ҷараёни як сол ба маблағи 100 миллион доллар барои истихроҷи гази ин минтақа сармоягузорӣ хоҳад кард ва ҳамчунин, вазифадор аст, то дар ду соли оянда аз гази истихроҷшуда беш аз 100 мегават барқ тавлид кунад”.
Ҳукумати Толибон, ки аз сӯйи ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият шинохта нашудааст, то ин дам бо ширкатҳои чинӣ, туркӣ, узбекистонӣ даҳҳо қарордод ба арзиши садҳо миллион доллар имзо кардааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон аз бастани қарордодҳои Толибон норозиянд ва мегӯянд, ки гурӯҳи мазкур дар фаъолияти худ шаффофият нишон намедиҳад ва фасод дар фаъолиятҳои иқтисодии гурӯҳи мазкур бисёр дида мешавад.
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад