27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Дар маркази ноҳияи Айнӣ “Гулгашти Гулназар” бунёд мешавад
Ба хотири гиромидошти номи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ “Гулгашти Гулназар” бунёд карда мешавад.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, дар маркази ин ноҳия ба хотири гиромидошти муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ки зодаи ҳамин ноҳия аст, гулгаште бунёд мегардад.
Гуфта мешавад, дар ин бора Муқим Муродзода, раиси ноҳияи мазкур зимни суханронӣ дар як ҳамоиши вижа ба муносибати 30-солагии қабули Суруди миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Муродзода гуфтааст, ки “Гулгашти Гулназар” соли оянда ба баҳрабардорӣ мерасад.
Манбаъ меафзояд, ҳамоиши таҳлилӣ дар мавзуи “Шарҳи сиёсӣ ва ватандӯстонаи Суруди миллии Тоҷикистон ва корбурди амалии он дар ташаккули афкори ҷомеа” дирӯз дар Қасри фарҳанги ба номи Наиқбхон Туграли маркази ноҳияи Айнӣ баргузор гардида, дар он шоирони маъруфе чун Озарахш, Ато Мирхоҷа ва Абдуллоҳи Раҳнамо ширкат ва суханонӣ доштаанд.
Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз маъруфтарин шоирони Тоҷикистон моҳи сентябри 2020 дар синни 75-солагӣ аз дунё даргузашта буд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод