4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:20, Душанбе
11.04.2024 09:19

Театри миллии драмавии Русия дар Душанбе мактаби театрӣ баргузор мекунад

Сафири фавқулодда Ва Ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо директори театри миллии драмавии Русия (театри Александрия) Сергей Гельянов мулоқот кард. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла ташкилу гузаронидани гастролҳои мубодилавии театрҳо, коллективҳои мусиқӣ, намоишгоҳҳои санъати ду кишвар, инчунин фаъол гардонидани ҳамкориҳои байни муассисаҳои таълимии фарҳангу санъатро баррасӣ намуданд.

Масъалаи баргузории мактаби байналмилалии театрии Александрия Дар Душанбе, ки 24-27 апрел ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ шуд.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт ва ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори умед карданд.

Манбаъ: НИАТ Ховар

Хатти хабарҳо